среда, 24 февраля 2010 г.

ПАРАНДАҲОИ ҚАФАСӢ

Болу пар машкан дар ин зиндони ғам,
Нотавонбине гар овардат ба чанг,
Пар кушо, то осмонҳои Худо,
Зиндагиро зинда кун бо ному нанг!

Аз ҳама андӯҳу рашку макри ӯ,
Шеъри пурэҳсоси ту волотар аст.
Нест дунё танг мисли ин қафас,
Зиндагиро орзу равшангар аст.

Ин шаби зулмат ба поён мерасад,
Нурполо мерасад фардои ту.
Фитнаҷӯ ин қиссаро ҳангома кард,
Ишқи саркаш мекашад савдои ту.

Ҳастии ту, қалби ту чун мол нест,
Ошиқи побаставу дилдода кист?
Бар сарат борони ғам борад агар,
Ройи ту озодиву озодагист!

Бас дигар, оҳу фиғону нола бас,
Чун ба фарёдат наояд ҳеҷ кас!
Бигзар аз баҳри баҳори обрӯ,
Пар кушо мурғи ҳаво аз ин қафас!
25.02.08, Москва.

ПАСИ ПАНҶАРА

Туӣ саргарм ба ғам ҷои дигар,
Ману ин хона муаммои дигар.
Ту ғариб астӣ ба кошонаи хеш,
Паси ин панҷара дунёи дигар.

Паси ин панҷара мерезад барф,
Ҳар киро ҳаст шитобе чун гург.
Бод ҳар лаҳза ба гӯшам хонад:
-Шаҳри бегона, китобест бузург.

Паси ин панҷараам омада боз,
Ҷуфти ин кафтари ваҳшӣ ба ниёз,
Медиҳам резаи нонаш ба мурод,
То бувад ишқи туам банданавоз.

Паси ин панҷара дунёи дурӯғ,
Қуфли ин хона, ба паймони ту буд.
Рӯи авроқи дилам ҳарфи ҷафо,
Қиссаи васли ту, ҳиҷрони ту буд.

Оҳ, дар сина маро ишқи ту буд,
Паси ин панҷара ғамҳои дигар.
Бо ту гар шодаму аммо дар дил,
Мекашам ранҷи ситамҳои дигар.

Паси ин панҷара ҳар субҳи Худо,
Дили пурхуни туро мебинам.
Ман зи ҳар шохаи миҷгони алам,
Донаи,
Қатраи,
Шабнами,
Ашки туро мечинам!
8.02.2008, Москва.

МАВЛУДИ ХАЗОНРЕЗ

Асири ҳасратам дар шоми танҳоӣ,
Ту, аммо соҳиби бахтӣ…
Худоё!
Сахт метарсам,
Ки бераҳмиву дилсахтӣ.

Ту ҳамсони чароғе дар шабистонӣ,
Хатои мардро парвона медонад.
Ту ҳамболи кабӯтарҳои озодӣ,
Диламро ҳалқаи завлона медонад.

Ба рағми ишқи нокомам,
Ба марги навбаҳоронам,
Ба мавлуди хазонрезам,
Ба пирӯзии эҳзонам,

Худо ҳофиз!
Худо бошад нигаҳбонат!
Дигар машкан,
Азизам,
Аҳду паймонат.

ТАНҲОӢ

Ман ошиқи танҳоиям,
Ёре намехоҳам дигар.
Кунҷи қафас, рози ниҳон,
Коре намехоҳам дигар.

Бинмой бовар, ҷони ман,
Аз меҳрубонӣ хастаам.
Аз дӯстони рӯякӣ,
Бар душманон дил бастаам.

Дунёи танҳоии ман,
Гоҳо дигаргун мешавад.
Он гаҳ дили ҳассоси ман,
Бишкаставу хун мешавад.

Танҳо ману танҳо дилам,
Танҳо ҳама дунёи ман.
Охир хато гуфтам,чаро?..
Дунё дили танҳои ман.

МОДАР

Саҳфае бо номи ту во мекунам,
Ман ба васфат шеър иншо мекунам.
Номи некатро бо ҷон мепарварам,
Бар дилу дар дидаам ҷо мекунам.

Модарам, имрӯзу фардоям туӣ,
Бе ту рӯи зарду ҷони хастаам.
Мекунам бо ёди ту шабро саҳар,
Ман ба меҳри поки ту дил бастаам.

Бе ту ман озори дунё мекашам,
Бе ту дар ғам бори дунё мекашам,
Бе ту дар ин зиндагӣ хоки раҳам,
Рахти худ аз дори дунё мекашам.

Модарам, хушбахт бо номи туам,
Нозпарвар тифли айёми туам.
Мебарам аз умри некӯят сабақ,
Духтари шӯху гуландоми туам.

ҚИССАИ ДАРД

На диле ошиқи зорам бошад,
На касе ғуссабарорам бошад,
Ҳайфи ин умр, ки бигзашт ба ғам,
Дар бари ғайр нигорам бошад.

На ниёзу на ҳавас дар чашмам,
На гули ханда, ки бар лаб дорам.
Субҳ оҳанги дигар бинвозад,
Ман ҳамон ғусса, ки аз шаб дорам.

Ҳасрати бӯсаву дар боғи висол,
Ғунчаи ишқу таманно чидам.
Боғбон пираки бераҳме буд,
Ман аз ин ишқ ситамҳо дидам.

МУҲАББАТ

Муҳаббат оини дилдодагон аст,
Вафову аҳди ишқи ду ҷавон аст.
Чу кӯҳи оташу дарёи меҳр аст,
Муҳаббат офтоби ин ҷаҳон аст.

Нигоҳи дӯстдорон роз дорад,
Нигоҳи духтарона ноз дорад.
Нигоҳи ишқи аввал ғарқи ҳайрат,
Хаёлам чашми пурэъҷоз дорад.

Муҳаббат саҳфаи қонун надорад,
Бувад ганҷе, ки ҳар Қорун надорад.
Наёрад тоқати сӯзу гудозаш,
Касе гар ҳиммати Маҷнун надорад.

НИГОҲИ ХАСТА

Нигоҳат хаста аз дарди ҷудоӣ,
Маро аз дил раҳо кардан нашояд.
Ба ёди лаҳзаҳои бо ту будан,
Ҷудоӣ байни мо ҳаргиз набояд!

Магар ин зиндагӣ зиндони ранҷ аст?
Чаро дар осмон хуршеди ман нест?
Чаро даврон ба коми ман нагардад,
Гуле дар шохаи уммеди ман нест?

Ҳубобе беҳарорат, қалби беғам,
Муҳаббатҳои мардон бардурӯғ аст.
Дар ин дунё манам танҳои танҳо,
Дар он дунё дилафгоре Фурӯғ аст.

Ман аз ин зиндагии пурбаҳона,
Ман аз ин олами пур аз фасона,
Туро танҳо, туро мехоҳаму бас,
Нишони бахт, ишқи ҷовидона.

Намедонам, чаро бо ман наоӣ,
Нигоҳат ғусса дорад аз ҷудоӣ.
Худо бо ҳам расонад ишқи моро,
Ту балки дар ҷаҳони ман Худоӣ

САЙРИ ЛОЛАҲО

Шояд имшаб дар хаёлат то саҳар,
Ёд меорӣ мани дилхастаро,
Сӯхтан дорӣ ба ҷонам ҳамчу шамъ,
Васл мехоҳам дили бишкастаро.

То маро бурдӣ ба сайри лолаҳо,
Ин дили пурхуни ман чун лола буд.
Бо ҳама сӯзу гудози ишқи ту,
Бастаи оҳу фиғону нола буд.

Тифли ишқам гиря дорад ҳар нафас,
Пир кай хоҳам шудан аз ин ҳавас?
Қалби ошиқ мушт мезад синаро:
-Эй даме созам раҳо аз ин қафас.

Оҳ, мехоҳам туро, эй зиндагӣ!
Оҳ, мехоҳам ғами деринаро.
Ё ба қавли модарам ошиқ шудам,
Бачаи хушчақчақи сабзинаро!

ФИРЕБ

Туро номард мегӯям,
Ки қисмат кард номардат.
Ба доми хеш мехонад,
Маро ҳар дам дили сардат.

Дар ин хилватгаҳи хомуш,
Ба ёдат ашк мерезам.
Зи ёдам чун барам рӯят,
Ки бо ишқат диловезам.

Ту бо ёру мани танҳо,
Магар бе ман ту хушбахтӣ?
Макун асло фаромӯшам,
Агар чун шоҳ дар тахтӣ.

Туро номард мегӯям,
Диламро чанд озурдӣ.
Дигар ин ишқ беранг аст,
Ту ин дилро чаро бурдӣ?

НӮШ БОДО…

Ашки ман аз чашми гирён,
Резаборони баҳорон.
Ишқи ман, сози муҳаббат,
Ҳамнавои резаборон.

Ошиқи ман гашта Маҷнун,
Мебарад раҳ аз биёбон.
Оҳ, тобад дар хаёлам,
Дидааш рахшону тобон.

Тахтро ҳаргиз нахоҳам,
Бахт мехоҳам зи Яздон.
Нӯш бодо ошиқонро,
Ҷоми васлу вуслати ҷон.
16.06.1996

ВАҚТ

Меравӣ бе бозгаштан! Ист! Ист!
Боз гӯ, охир шитобат баҳри чист?
Ё ту шӯху беқарорӣ мисли ман,
Соати ман, соҳиби асли ту кист?

Ман зи андӯҳам, ту шояд бесабаб,
Ҳарду бедорем вақти нимашаб.
Эй Худо, аз қисмати номарди худ,
Ҳасратолуд аст оҳам зери лаб.

Ин шабонгаҳ тарк кардам хобро,
Рехтам аз чашми ҳасрат обро.
Бехабар, эй вақт аз ман мебарӣ,
Ҳар нафас тоби дили нотобро?
10.06.1996

МЕРАВАМ

Меравам пеши ҳамон ёри куҳан,
Ки туро аз ғами ман нест хабар.
Меравам! Аз пайи ман зора макун,
Дар ту чун ишқи маро нест асар.

Нест ғайри ҳавасу шавқу фиреб,
Шарари ишқ куҷо дар дили ту?
Ҳайфи он зан, ки пас аз ман ояд,
Бари ту! Рамзада бар манзили ту.

Нигаҳам рост ба ҳар ҷо, ки турост,
Нақши девори каҷат гуфт сухан:
-Дигар, эй духтараки шӯхи бало,
Пеши ҳар кас ба хато ханда мазан.

Занги дар гуфт, ки оҳанги видоъ,
Бизанам, чист, бигӯ, фармонат?
-Бинавозаш, ки чунон мехоҳӣ,
То намонад ба ҷаҳон армонат!

Меравам пеши ҳамон ёри куҳан,
Меравам ҳарфи пушаймонӣ ба лаб.
Ашк мерезаму аз бӯсаи ӯ,
Боз месӯзам дар оташи таб.

РОЗ

Дар чашмҳои ту,
Розе нуҳуфта аст.
Эъҷози ишқи ту,
Ҳарфи нагуфта аст.

Дар дил чӣ орзу,
Ҷуз ёди рӯи ӯ?
Аз ишқ гӯ сухан,
Рози дигар магӯ.

Ҷоно, зи ишқи мо,
Дилҳост боумед.
Бо васли мо шавад.
Поёни шаб сафед.

Дар тахти ишваам,
Ман бастаи ғурур.
Ях об мешавад,
Бо гармиҳои нур.

Дар ин сукути шаб,
Дарди маро шунав.
Бо бӯса об кун,
Қалби маро!
Марав!

Fазал

Аё, ҷоно! Зи паҳлӯят, ҷудоиро намехоҳам,
Зи он меҳроби абрӯят, ҷудоиро намехоҳам.
Ҳама аз бӯи гул мастанд, ман масти тамошоят,
Зи рӯву мӯи хушбӯят, ҷудоиро намехоҳам.
Биҳишту сояи тубо, бувад бар тоати фардо,
Зи он хоки дари кӯят, ҷудоиро намехоҳам.
Ҳама гӯянд аз сарву санавбар хушгилу зебо,
Зи қадду басти дилҷӯят, ҷудоиро намехоҳам.
Ба хуршеди ҷаҳоноро назар афканда мегӯям:
-Зи нури талъати рӯят, ҷудоиро намехоҳам.
На Маҷнуневу не Хусрав, яке Фарҳод мехоҳам,
Зи дасту банди бозуят, ҷудоиро намехоҳам.
Хуморолудаи ҳуснат, Адиба роз мегӯяд,
Зи нози чашми ҷодуят, ҷудоиро намехоҳам.

Fазал

Аз кӯи ман танҳо гузар, аз сози ман шав бохабар,
Аз дидаи гирёни ман, бинмо ҳазар, бинмо ҳазар.
Эй чашмаи рӯъёи ман, эй дидаи бинои ман,
Бар қалби пурармони ман, бинмо назар, бинмо назар.
Эй навбаҳори зиндагӣ, эй дурр дар арзандагӣ,
Бо ман биё, дар сози дил, эмин бимонӣ аз хатар.
Асрори ҷону тан туӣ, авроқи сабзи ман туӣ,
Дар гирудори зиндагӣ, бар душманат ёбӣ зафар.
Эй аз ирода хушгуҳар, аз бахт шоҳи баҳру бар,
То ту нагирӣ дасти ман, ҳастӣ дигар, ҳастӣ дигар.
Эй тоҷи ман, эй тахти ман, эй сорбони бахти ман,
Бо корвони ишқи худ, аз кӯи дил боре гузар.
Ту бар Адиба гуфтаӣ: -Охир манам Маҷнуни ту.
Лайлӣ наям, аммо каме, аз дарди дил дорам хабар.

ДАР ДИДА ҶОЯТ МЕКУНАМ

Эй шаҳпари парвози ман,
Эй ҳамдаму ҳамрози ман,
Эй мазҳари эъҷози ман,
Дар дида ҷоят мекунам,
Ҷонро фидоят мекунам.

Ҳар лаҳза ҳастам интизор,
Дар роҳи ишқам устувор,
Бе ту шавам ман хору зор,
Дар дида ҷоят мекунам,
Ҷонро фидоят мекунам.

Аҳдат куҷо шуд, бевафо?
Аз ман чаро гаштӣ ҷудо?
Боре агар бинам туро,
Дар дида ҷоят мекунам,
Ҷонро фидоят мекунам.

Афсонаи ёрон шудам,
Сарсону саргардон шудам,
Беҳуда ман нолон шудам.
Дар дида ҷоят мекунам,
Ҷонро фидоят мекунам.

СОЯҲОИ ҒАМ

Сояҳои ғам ба рӯи дафтарам,
Аз туву аз ишқи бефарҷоми ту.
Ман ба ҳар як тори мӯят ошиқам,
Созгори сарнавиштам номи ту.

Модарам як рӯзи сарди барфбез,
Баҳри ишқат духтаре тавлид кард.
Шеърҳои ишқи моро бедареғ,
Зарнавишти зарҳали хуршед кард.

Хоб мебинам туро, гар хоб нест,
Ҳар чӣ мебинам ба шаб, рӯзам сияҳ.
Дилсиёҳам аз туву аз ишқи ту,
Рехт бар домони ман ранги гунаҳ.

Рафтиву бо худ набурдӣ ёди ман,
Гиряҳоям тӯшаи роҳи ту шуд.
Рафтӣ гар бо дилрабои дигаре,
Чун Адиба ёри дилхоҳи ту шуд?

РӮЗЕ…

Ба ҳоли хеш хушбахтӣ,
Ки рӯзе меравӣ аз ман.
Чу ҷон астӣ, вале афсӯс,
Ки беғам меравӣ аз тан.

Маро бар ёд меорӣ,
Дар ин шабҳои боронӣ,
Ба ёдат ашк мерезам,
Ба андӯҳи пушаймонӣ.

Ба доғи ишқ месӯзӣ,
Маро аз даҳр мекобӣ,
Миёни чордеворам,
Маро дигар намеёбӣ…

Ба номи бахт меарзад,
Агар мирам барои ту.
Фидоят ҷони ширинам,
Азизӣ! Бебаҳоӣ ту!

ИНТИЗОРӢ

Гул зи гулдони хаёлам бурдаӣ,
Ташнаро чун дар биёбон дидаӣ.
Бедимоғи ишқ дар боғи висол,
Лолаҳои интизорӣ чидаӣ.

Хори ҳиҷрони ту, эй ноошно,
Бехабар озурд ҷону синаро.
Лолаҳое, ки наовардӣ ба ман,
Тоза кард аз нав ғами деринаро.

Боз, эй шамъи фаромӯшӣ, туро,
Ёфтам дар лавҳи девору дарам.
Оби чашмонат нигоҳат баста буд,
Ман ҳамонам, ошиқу хушбоварам.

Гоҳ-гоҳе маҳви ғамҳои хазон,
Ҳамчу боди сард нолиш мекунам.
Баргрези ишқро дар боғи дил,
Бо дареғу дард коҳиш мекунам.

Fазал

Ҳанӯз аз партави ишқат, ҷило ояд ба рӯи ман,
Ҳазорон қисса мегӯяд, алам бо тори мӯи ман.

Ба дасти душманон бинам, ҳаме санги маломатро,
Ишорат мекунад ҳар дам, зи ман пинҳон адӯи ман.

Чӣ қурбонӣ? Ба зебоӣ, маро нодида ангорӣ,
Машав мункир, ки бишносанд ёронат зи бӯи ман.

Азизи бевафо гуфтӣ, сазову носазо гуфтӣ,
Хато гуфтӣ! Хато гуфтӣ! Биё, бегуфтугӯи ман.

Ба ҳоли худ пушаймонӣ, ту шояд қадри ман донӣ,
Туро ҳар лаҳза мехонад, дили шайдо ба сӯи ман

ҶУДОӢ

Дар ин дунё дигар будан нахоҳам,
Гунаҳгору пареши нимароҳам.
Хатое ногаҳон моро ҷудо кард,
Ҷудоиро миёни мо Худо кард.

ГУРЕЗ

Дар ин дунёи бесомон,
Мани танҳо парешонам,
Ғариби мулки тақдирам,
Зи худ ҳатто гурезонам.

Даме ворастагӣ хоҳам,
Ки аз ғамҳо шавам озод.
Ман аз ин ғусса дилгирам,
Чаро модар чунинам зод?

Пас аз як умр чун ман боз
Ба дунё духтаре ояд,
Дари сангини ғам бандад,
Дари уммед бикшояд.

Ба сӯи ӯ, ба кӯи ӯ
Ман аз ин дар шитобонам,
Ба он хушдил расам ё на?
Намедонам…
Намедонам…

ҶУДОӢ

Дар ин дунё дигар будан нахоҳам,
Гунаҳгору пареши нимароҳам.
Хатое ногаҳон моро ҷудо кард,
Ҷудоиро миёни мо Худо кард.

ФАРИШТАҲОИ ХАЁЛӢ

Рақси фариштаҳои хаёлиро,
Дар шӯълаҳои чашми ту мебинам.
Ин шеърҳои ғамзадаи худро,
Гуфтам ба шамъ дар сари болинам.

Аз шабчароғи кӯчаи танҳоӣ,
Борони ашк ҳасрати дунё буд.
Суроби ту ба номаи ман месӯхт,
Рафтӣ, дареғ, он ҳама рӯъё буд…

БАЪД АЗ ИН

Ҳар қадар нози туро бардорам,
Меҳри ман дар дили ту ҷо нагирифт.
Ман аз ин ишқ чӣ дилхаста шудам,
Ҳавасам дарди таманно нагирифт.

Баъд аз ин ашк шабохун назанад,
Баъд аз ин роҳи ту дигар бошад.
Дили бечораи ман ғамдор аст,
Ёри дилхоҳи ту дигар бошад.

Ёдҳои ту сароғози алам,
Гули умеди хазонгаштаи ман.
Бояд аз ёд канам буду набуд,
Ғами дерина, ниҳонгаштаи ман.

ҚАСАМ

Аз панҷараҳои шаби танҳоӣ,
Сӯи дари умед нигаҳ дорам.
Пироҳанам, ки ранги сияҳ дорад,
Гумроҳи бегуноҳи гунаҳгорам.

Дар ихтиёри ишқаму ошиқноз,
Аммо ғурур аз ту ҷудоям кард.
Шояд, ки як дурӯғи ту аз садҳо,
Дар талхиҳо зи ранҷ раҳоям кард.

Зардолу ҳам, ки ранг ба зардӣ зад,
Дар рӯи ман таровати гул холист.
Ҳайфо, ки рафт… рафт намеояд,
Дардо, ки доғи бӯсаи ту боқист…

Хоҳам, ки расмҳои туро ҳар шаб,
Дар оташи баланд бисӯзонам.
Эй вой, дар баробари ҳар сурат,
Хоҳад бисӯхт ҳам тану ҳам ҷонам.

Дигар қасам ба номи ту, эй ҷонам,
Ман қиссаҳо зи ишқ намехонам.
Гар ношинос дод суол аз ишқ,
Ҷуз ин нагӯямаш, ки:- Намедонам!

Фаромӯшам бикун

Фаромӯшам бикун, эй ёр, ман ёри дигар дорам,
Магӯ ғамхори ман бошӣ, ки ғамхори дигар дорам.
Нигоҳи меҳрборатро бикан аз қаъри чашмонам,
Бувад то умр, сӯи ӯ нигоҳи пуршарар дорам.
Намедонад, ки ман ҳастам гирифтору дилафгораш,
Зи бедодаш фиғону нола, оҳе аз ҷигар дорам.
Ба хилват интизорам то расад рӯзе ба сарвақтам,
Зи ишқи ту, зи чашми ту ҳазар дорам, ҳазар дорам.
Бирав аз ман, макун худро фидо то ишқ раҳ дорад,
Умед аз ишқи ман баркан, ки аз кӯят гузар дорам.
Бипӯшам чашм то бинам ба хобам шоҳи хубонро,
Чӣ шабҳоро ба ёди ӯ саҳар дорам, саҳар дорам.
Чу борони баҳорон аз ғамаш гирёну гирёнам,
Зи роҳи дил ба кӯи ишқ ёри ҳамсафар дорам.
Адиб, оинаро бингар, машав бар ҳоли дил ғамгин,
Зи дарди ишқ менолӣ, мани шайдо хабар дорам.

ЯК РӮЗИ БОРОНӢ

Туро ман ёфтам,
Як рӯзи боронӣ,
Ки медидам
Ҳазорон чашм,
Зери чатри ҳайронӣ,
Ки мебозанду менозанд,
Балки олами розанд.
Туро ман ёфтам!
Аз қатраҳои ашки боронҳо,
Расида дар кафи ҳар барг.
Туро хуш кофтам,
Аз хандаҳои вопасини марг.
Ману Ту,
Пораҳои номаҳои қалби пурдардем,
Агар сад сол ҳам аз оташи покӣ,
Гузар созем.
Назар созем,
Сиёвушвор мо сардем,
Сиёвушвор мо мардем…

Туро ман ёфтам аз оташи суғди ниёгонам.
Ҳама ҷо арғувонӣ шуд,
Мисоли лолазорони самои ахтаролуда…

Биё, як шоми боронӣ,
Ба изҳори пушаймонӣ,
Ту зебоӣ!
Биё, то боз бахшоям,
Ғурурамро ба қурбонӣ!

ТИРАМАҲ

Тирамаҳ шуд…
Фасл месозад, ки дорад аз баҳори ишқ.
Баргҳои заъфарони ёдҳоро,
Дар баҳои ишқ.

Осмонаш тирагун шуд,
Абри боронаш,
Ашк меборад ба ёди рӯзгоре.
Балки ин чашмони ман буданд,
Ин ки меборанд ашки интизорӣ,
Дур аз оғӯши ёре.

Тирамаҳ шуд,
Фасл карду фасли сард омад.
Зиндагӣ номард омад.
Дар равоқи хонаи ман монд ҳайрон,
Бе парасту лонаи урён.
Мурғи бахтам…
Тифли ишқам рафт гирён…
Боз меояд баҳорон.

ТИРАМАҲ

Тирамаҳ шуд…
Фасл месозад, ки дорад аз баҳори ишқ.
Баргҳои заъфарони ёдҳоро,
Дар баҳои ишқ.

Осмонаш тирагун шуд,
Абри боронаш,
Ашк меборад ба ёди рӯзгоре.
Балки ин чашмони ман буданд,
Ин ки меборанд ашки интизорӣ,
Дур аз оғӯши ёре.

Тирамаҳ шуд,
Фасл карду фасли сард омад.
Зиндагӣ номард омад.
Дар равоқи хонаи ман монд ҳайрон,
Бе парасту лонаи урён.
Мурғи бахтам…
Тифли ишқам рафт гирён…
Боз меояд баҳорон.

БОЗГАШТ

Омадам! Боз омадам! Боз омадам!
Бе ғаму дарду аламҳои куҳан.
Дар лабонам мавҷҳои хандазор,
Дӯст медорам туро хомӯш ман!

Тифли ту бозича мехоҳад зи ту,
Дар канорат дилрабои дигаре,
Аз чӣ рӯ, охир туро ошиқ шудам?
Пеш аз ин кардам хатои дигаре.

Аз канори шаб гурезонам кунун,
Занги танҳоӣ диламро хаста кард.
Барфҳои нуқрагин нақши ғаманд,
Хона гарм асту дилам сард аст, сард.

Омадам, то боз бинвозам туро,
Боз мехоҳам, ки озорам диҳӣ.
Ранҷҳои ман муҳаббатҳои туст,
По ба рӯи қалби хуншорам ниҳӣ!

Эътибори ишқ

Ин баргҳои сабз ҳама зард мешавад,
Ин кулбаҳои гарм ҳама сард мешавад.

Бинад гар устувории моро ба роҳи аҳд,
Номарди роҳи ишқ ҳама мард мешавад.

Дардо, ки дар гузаргаҳи сангини рӯзгор,
Эҳсоси поки сина ҳама дард мешавад.

Аз ишқ ёдгори ту дорад раҳи сафар,
Дар чини марди роҳи вафо гард мешавад.

Аз эътибори ишқ сухан мазҳари ҳақ аст,
Шеъри муҳаббати ту раҳовард мешавад.

Ба сӯям як назар кардиву рафтӣ

Ба сӯям як назар кардиву рафтӣ,
Шаби худро саҳар кардиву рафтӣ.
Ба дил ҷо додиам, аммо чӣ созам?
Чунон аз дил бадар кардиву рафтӣ.
Маро дар чорсӯи умр мондӣ,
Ки худ осон сафар кардиву рафтӣ.
Диламро дар ҳавои ишқ афсун,
Пур аз шӯру шарар кардиву рафтӣ.
Замоне ишқи ту болу парам буд,
Маро бе болу пар кардиву рафтӣ.
Фаровон буд ғамҳои Адиба,
Ғамашро бештар кардиву рафтӣ.

ГУМГАШТА

Суроғат меравам дар кӯчабоғи ёдҳои хеш,
Маро аз байни расми дӯстдоронат намеҷӯӣ.
Бигӯ, ки соддадухтар буду ишқамро самоӣ кард,
Чаро аз боби ман ҳарфе ба ҷононат намегӯӣ?

Қасамҳои муҳаббатро магар аз ёд меронӣ,
Ки бар гӯши ҳама афсонаҳо аз бод мехонӣ?
Агар бори дигар гӯӣ, ки аз ҷон дӯст медорам,
Дигар дӯстат намедорам, маро озод мемонӣ?

Ҳамин шаб номаҳоятро ба коми оташ афкандам,
Ҳамин шаб оби чашмам шуст доғи бӯсаҳоятро.
Дили садпораамро пора кардам, дӯхтам охир,
Бигӯ! Чун метавонам бурд доғи бӯсаҳоятро?

Намедонӣ, дареғо, дарду доғи қалби хунинро.
Ба чашми нимахобам ҳеҷ дар манзар намеоӣ.
Ту акси шеъру авроқи манӣ, эй вой аз дастат,
Ба сурат ёдгорӣ, рафтӣ, аз ин дар намеоӣ.

БОРОН, БИБОР!

Борон, биё бар рӯи ман,
Бар мӯи ман, гесӯи ман.

Бар пайкарам, пироҳанам,
Ғамро бубар аз кӯи ман.

Шояд, ки дар ӯ ҷон дамад.
Хандида ояд сӯи ман.

Бо ҳасрати дил бингарад,
Бар қомати дилҷӯи ман.

Оғӯш гирад пайкарам,
Боланда дар паҳлӯи ман.

Дар панҷаҳои гарми ӯ,
Чун шона гирад мӯи ман.

БО ЁДИ ТУ

Дар ҷодаҳо бо ёди ту,
По мегузорам, ҷони ман.
Симои ту пеши назар,
Эй ахтари рахшони ман.

Аз нав шудам ғамошно,
Дар умр омад тирамаҳ.
Аз хотироти навбаҳор,
Не барги сабзе аз фараҳ.

Ёдам ба ёди ту равад,
Гоҳо табассум мекунам.
Гоҳи дигар дар ёдҳо,
Ман хешро гум мекунам.

Барге фитад дар зери по,
Хомӯш оҳе мекашам.
Дар кӯчаҳо бо ёди ту,
Аз роҳ-роҳе мекашам.

БУДУ НАБУД…

Чашмони розгӯ,
Зулфони мушкбӯ,
Лабҳои оташин,
Боз ой, лоларӯ.

Ишқи ниҳониям,
Бо комрониям.
Дар орзу гузашт,
Умри ҷавониям.

Дил доданам чӣ буд?
Дил доданам чӣ шуд?
Афсонаи накӯ,
Аз буду аз набуд.

Рафтиву рафт ҷон,
Бо ишқи нотавон.
Ҳар фасл бигзарад,
Васли ту ҷовидон.

МАШКАН ДИЛИ МАРО…

Дунёи ман дигар,
Дунёи ту дигар,
Ту баҳри ман наӣ,
Аз ишқ бехабар.

Дар чашмҳои ман,
Нури муҳаббат аст.
Дар дидаҳои ту,
Дунё адоват аст.

Дидам ба хилвате,
Танҳо нишастаӣ.
Ғофил зи рози дил,
Ранҷуру хастаӣ.

Машкан дили маро,
Ҳарчанд дилбарӣ.
Ман ёри дигарам,
Ту ёри дигарӣ.

Дар ғуруби офтоби ишқи ту,
Осмони навҷавонӣ лолагун.
Бе пару бол аст мурғи орзу,
Дар навояш оҳ, қалбаш пур зи хун.

Рӯзгоре маст будам аз фараҳ,
Бехабар аз ишқ дидам дардро.
Менадонистам баҳои неку бад,
Ҳиллаҳои қисмати номардро.

Оҳ, ин дам ғам гаронӣ мекунад,
Ин дили бечораам шайдои ту.
Ишқи ман ёди ҷавонӣ мекунад,
Чун кунам, эй дӯст, нопайдоӣ ту.

Ёди айёме...

Ёди айёме, ки ман андар канорат омадам.
Дилситони шӯхчашму беқарорат омадам.

Гиряҳо кардам зи шодӣ, хандаи мастона ҳам,
Дар нигоҳи дилнавози пурхуморат омадам.

То ту будӣ дар сафар, эй бевафо шаб то саҳар,
Бо ду чашми ашкборам интизорат омадам.

Дошт навмедӣ ба ҳолат қиссаҳо аз ғуссаҳо,
Ғамшарику ғамбарору ғамгусорат омадам.

Барфи ғам борад ба хоки синаи пурорзу,
Ғунчаи аҳди муҳаббат дар баҳорат омадам.

Ғуссапарвар шуд Адиба, чун ту рафтӣ аз ҷаҳон,
Ашкрезону пушаймон дар мазорат омадам.

Модар

Модар, баҳори сабзу гуворои ман, туӣ,
Хуршеди бомдоди мусаффои ман, туӣ.
Пажмурда аст бе ту гули рӯзгори ман,
Модар, бақои маънии дунёи ман, туӣ.
Гаҳвораи умеди замину замон ба даст,
Дар лаб суруди аллаи шевои ман, туӣ.
Ҷонам фидои номи туву як дуои ту,
Сарфи калому ҳарфи алифбои ман, туӣ.
Эй, аз ту эътибори ду олам ба ҷовидон,
Имрӯзи ман, саодати фардои ман, туӣ.

РӮЪЁ

Хостам, эй мард дар оғӯши ту,
Манзари хуршедро пайдо кунам.
Шонаҳоят боли парвозам шаванд,
Ишқро дар синаи ту ҷо кунам.

Хостам дар сардсори тирамоҳ,
Зиндагӣ гулрезу гулборон шавад.
Моҳро созам раҳо аз абрҳо,
То ба роҳи шабраве тобон шавад.

Ман надонистам, чунин бе хештан
Шамъи ишқат мекушад парвонаро,
Медиҳад барбод дар шабҳои тор,
Орзуҳои дили девонаро.

Меравам аз ошёни сарди ту,
То дилат осояд аз савдои ман.
Дар ҷаҳони орзу бегонаӣ,
Эй умеди рафта аз дунёи ман.

Оҳ, ин дунё ба ман хешӣ накард,
Менамуд ин ошно бегонасар.
Охирин умеди ман дар қалби ту,
Кӯҳнагӯри ишқро монад дигар.

НАВБАҲОР

Бар мӯи ту,

Бар рӯи ту,

Ман ошиқам,

Эй навбаҳор.

Аз хандаҳои кӯдакӣ,

Аз гиряҳои обшор.

Эй, аз ҷавонӣ ёдгор…

Ман ошиқам,

Бар ҳар садои шаршара,

Бар хониши кабки дара,

Бар шабнам андар рӯи гул,

Бар бӯи гул.

Бар савти борони саҳар,

Бар майсаҳои сабзу тар,

Бар ишқ,

Бар пайғоми ту,

Бар лолаҳо,

Аз ёлаҳо.

Инъоми ту,

Инъоми ту.

ШАҲРИ БОРОНӢ

Боз аз дунё фаромӯшам,
Боз бо ёдат ҳамоғӯшам.
Мерасад аз шаҳри боронӣ,
Ҳой-ҳойи гиря бар гӯшам.

Дар паси девори рӯъёҳо,
Духтаре роҳи ту мепояд.
Дер кардӣ, эй чаро охир?
Мерасӣ дар лаҳзае шояд.

Меравам аз пушти хотирҳо,
Рӯзҳои гарми тиллоӣ.
Сурати хуршед механдид,
Аз диёри дури зебоӣ.

Дар канорат шом рӯшан буд,
Зиндагӣ хушранг метобид.
Моҳи нав дар шонаи кӯҳе,
Ҳамчунон маъшуқ мехобид.

Баргҳо дар шохаҳо ором,
Бенаво, бемору хомӯшанд.
Бар сари гӯри ҳавасҳоям,
Сабзаҳо, о ваҳ, сияҳпӯшанд.

Шишаи бишкастаи умед,
Бе навозишҳои армонам.
Синаи садпора аз ишқам,
Эй ғами ширинтар аз ҷонам!
13.12.2007, Москва
Акси ӯ дар пеши чашмонам,
Атри ёдаш бо сабо омехт.
Аз хаёли рафтани ёрам,
Қатраҳои ашки ҳиҷрон рехт.

Менавозад оҳи ғамнокам,
Ишқ ин дорад раҳовардам.
Ахтарон ғамнома мехонанд,
Байтҳо аз номаи дардам.

Бӯсаҳояш нақш дар лабҳо,
Ҳарфҳояш рӯи дафтарҳо.
Ёдгори ишқ ҷуз ин нест.
Номаҳо дар боли кафтарҳо.

Дар утоқи сард танҳоям,
Дар ниҳони сина ғам дорам.
Ошиқонамро пас аз ин ранҷ.
Бо ғами дерина бигзорам.

Зиндагӣ афсонаи ҳиҷрат,
Бо ғарибе ишқ чун бошад?
Эй Худо, аз умр безорам,
Ишқ бедоди ҷунун бошад.

Кай равад ин мояи ҳастӣ,
Оҳ, ин ҳангомаи рӯъё.
Мебарад бо худ маро рӯзе,
Мебарад аз дори ин дунё.
9.12.2007, Москва

МУСОФИР

Субҳ оғози фиребо дошт,
Шаҳр бӯи ранг мекард.
Баргҳо дар соҳати рӯъё,
Дар айёми гулрез,
Нест боке аз хазонрез.
Ширсавдо мерасад,
Бо ин садо:
-Шир,
Шири тоза гир…
Метаровад аз булӯри шиша нур,
Мешавад чашмонам аз афсонаи маҳтоб пур.

Субҳ эъҷози муҳаббат дошт.
Мурғаке дар шохае бо ҷуфти хеш,
Дар ҳавои ишқ,
Нағмаҳои ишқ,
Дар сози садоқат дошт.

Мекушоям ман дари кошонаро,
То саборо «марҳабо» гӯям.
Субҳи навро боз як доди Худо гӯям.
Боз мебинад маро ҳамсоязан,
Рашк меояд паи хобаш ба таъбираш,
Меситезад ӯ ба тақдираш:
-Кош ман озод мебудам чу ӯ,
Ҳамчунон озодаву хушрӯ...
Лек шӯ дорад ба тадбираш…

Гиряи тифлона, аммо мебарад,
Роҳи ӯро сӯи гаҳвора,
Ёди манро ҷониби умедҳои бекарона.

Оҳ, аз оғози ин субҳи фиребо,
Кош мерафтам ба шаҳри офтоб,
То бихонам дарси танҳоӣ,
Зиндагиро бо шикебоӣ.

ЗИНДОНИ ТАНҲОӢ

Ту мерафтиву ҷон мерафт.
Ҷон аз остон мерафт,
Ҷаҳон мерафт.
Бо ту офтоб аз осмон мерафт.
Чунон фавҷи кабутарҳои ваҳшӣ,
Аз паят то ҷовидон мерафт.

Мани танҳову саргардон,
Ба зери чархи бесомон…
Худоё!
Сели ашкам мекунад,
Сад хонаро вайрон.

Ту, аммо сарду хомӯшӣ,
Нигоҳат алвидоъ мегуфт.
Дили хунгаштаамро,
Аз ҳарими синаат мерӯфт.

Ману ин шаҳри бегона,
Ману ин қалби девона,
Ману зиндони танҳоӣ,
Ману рӯъёву афсона...
Ба оҳанги ғами ҳиҷрон,
Хаёлам васл мехоҳад.
Ман аз ҳар шохаи пурбарф,
Барги сабз мечинам.
Ва ҳар як бомдоди дай,
Туро, эй нур мебинам!
24.12.2007, Москва

БАҲОРИ НОЗ

Биё, эй шоири ғамҳо,
Бубин дар сози ин рӯъё,
Замин аз гесувони беди маҷнун шеър мегӯяд.
Баҳор аз рози найсон сабз мегардад.
Ба сози ишқ гул аз шоха мерӯяд.
Насими бахтро дар нагҳати шаббода мебӯяд.
Гуноҳи ишқи аздилрафтаро,
Борони сабзи ишқ мешӯяд.
Сафо аз осмони рангбори нур,
Аз хуршед меҷӯяд.

Вале ту,
Дар канори дигаре,
Бегонатар аз барфи даймоҳӣ.
Ба ман қаҳрӣ…
Намеҷӯям ман аз афсона, аммо моҳии тилло,
Дили пурқиссаам чун тӯри холист,
Туро мехоҳам аз дарё!
Туро мехоҳам аз дунё!

Биё, эй шоири ғамҳо,
Мусофирҳо зи шаҳри дур меоянд,
Баҳоронро парасту меситояд.
Ва дар боли кабӯтарҳо,
Ва дар гулрези ахтарҳо,
Баҳори ноз меояд!
Муҳаббат боз меояд!

Биё, эй шоири ғамҳо,
Ки мо дар банди ҳиҷронем,
Ба элак обро аз хоби нозаш бозмехонем.
Биё! Бо суманак мо оштиро ош мемонем!
3.03.2006

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон!
Такягоҳам!
Нури хуршеди сабоҳам,
Дар нигоҳам.
Ту маро пушту паноҳӣ,
Ман туро чун тифл умре дар паноҳам.
Хоҳамат умре баҳори бегазанд.
Ҳам ба хоку ҳам ба сангат,
Рӯҳи ман бо ҷисм пайванд.

Ахтаронат,
Шӯълаҳои ишқи гумноми мананд.
Балки ҳамрозанд,
Дар шоми мананд.
Моҳу хуршедат,
Саранҷоми мананд.

Тоҷикистон!
Бе ту ҳеҷам!
Меҳанӣ!
Ту модарӣ!
Сабз монам, кош чун нахли тари ту,
Дар бари ту.

БОЗ БОРОН

Боз борон,
Қосиди рӯзи баҳор аст.
Мезанад бар кӯчаҳои шаҳри барфӣ,
Мебарад барфи диламро…
Мебарад бо худ зимистонро…

Дар раҳи марди муҳоҷир
Резаборон,
Қатра-қатра дар бари рӯ,
Ашкҳои интизор аст.
Мӯи ман тар,
Ҳамчу гесӯи дарахтон.
Шеъри сабзи зиндагиро,
Гуфтаам дар зери борон.
Дидаам дар зери чатри дӯстдорон,
Ишқро бо чашми гирён.

Менамояд, балки ин дурдона дар пои булӯр ,
Дар тани мармарнамои бегуноҳаш…
Менависам ҳар саҳар,
Нома аз номи булут, аз барги тар.
Ошиқона,
Ҷовидона,
Дар бари ҳам.
Боз мехонам нигоҳаш,
Оҳ, ин дам майдаборон,
Мекунад бо ҳам никоҳаш.

Резаборон,
Мезанад ангушт,
Мезанад бар шишаи ҷон…
Шоири ман,
Ошиқи ман,
Оҳ, ин дам мезанад мушт,
Бар дари дил,
Бо сад армон.

Оҳ, борон!
Бас макун оҳанги розат,
Нағмаҳои дилнавозат,
Ман чӣ медонам ниёзат?!
Шоирам сад байт гӯяд,
Аз баёзи достони ҷонгудозат.

Оҳ, борон!
Гиряҳои модарам аз пушти ман буд.
Бар замини хонаи мо,
Бар сарову ҳотаи мо,
Бар сари долу дарахтон…

Бар сари ҳар донаи мо,
Боз бор, эй резаборон!
22.02.2008, Москва

ХУНИ ШАФАҚ

Шафақ чун лола буд вақти видои ту,
Дилам хуни шафақ буд аз ҷафои ту.
Нигоҳам баст ях аз пушти барфу бод,
Баҳорам кушта шуд дар пуштаҳои ёд.
Намедонӣ,
Аз ин пас,
Эй нафас!
Эй зиндагӣ!
Оҳанги нозу дилкаши борон,
Зулоли чашмаҳои шӯхи кӯҳистон.
Дигар суроби ту, о ваҳ, намебинам,
Гули бӯса зи саҳрои лабат дигар намечинам,
Ки дунё рафт аз ёдам,
Валекин бевафои ту.
Ва бар лаб ишқ охир рафт
Ҷонам аз қафои ту.
Ва мурдам
Аз барои ту,
Барои ту!

Саманди бодпои саркаше чун «ман»,
Ва рӯҳи хастаро то абрҳо мебурд,
Ки чун мурғи ҳаво бар сӯзи қалбам нолаҳо мекард.
Ки бахтамро,
Ғурури ҳастӣ аз доман раҳо мекард.
Ва он гаҳ
Хунбаҳо кардам,
Намозамро қазо кардам,
Барои ишқ!
Барои ту!

Дар он шоми ҷудоӣ,
Осмонам шиква аз истораҳо мекард.
Дар он шаб хоҳарам шеъри ғамолуди маро,
Бо номаи ту пораҳо мекард.

Пас аз ин бомдодон,
Вақти пешин,
Асру шому соати хуфтан,
Ба пешат саҷда меорам,
Худои ишқ!
Худои ту!
21.02.2008, Москва

ХИЁБОНҲОИ МАСКАВ

Бирав!
Бо худ бубар фасли зимистонро,
Бирав!
Бо худ бубар сардии зиндонро.
Ва деви кинаро завлона дар по кун.
Муҳаббатро,
Дар ин ҳангома барпо кун!
Ва дарди синаро кам кун,
Чунон ишқи ману эҳсоси қалбамро,
Биё,
Зам кун!

Садои хастаро,
Сози дили бишкаста,
Дижи бастаро,
Вораста аз ғам кун!
Магӯ дигар,
Хиёбонҳои Маскав хотирафрӯзанд,
Ва шабҳо равшан аз рӯзанд…

Ғарибӣ кӯи бадномист,
Ин ҷо достони умри садҳо зан,
Ки дар ин шаҳри бадномист,
Ҳазорон марди роҳу марди бероҳа,
Варо чун дафтари бекора месӯзанд!
Ватандорон,
Ба сӯи сели мурғони муҳоҷир
Чун гургони даймоҳӣ,
Ба қасди сайд,
Ба нафрат
Дида медӯзанд!
19.02.2008, Москва

ТУ МЕОӢ

Гаҳе ки зиндагӣ беранг хоҳад шуд,
Гаҳе ки дил ба ёдат танг хоҳад шуд,
Гаҳе ки дар ниҳодам мову манро ҷанг хоҳад шуд,
Ту меоӣ…

Дар оғӯшат,
Зимистон мешавад Наврӯз.
Пас аз шабҳои зулмонӣ,
Пас аз шабҳои тӯлонӣ,
Пас аз шабҳои боронӣ,
Муборак мешавад он рӯз,
Ту, эй хуршед меоӣ!

Ва ишқатро
Миёни хонаам,
На, аз даруни синаам,
В-аз умқи ин зиндони хоҳишҳо,
Ва пас аз сад ҳазорон лаҳзаҳои бе ту буданҳо,
Ва чун як киштӣ дар дарёи ишқи ту шикастанҳо,
Зи навмедӣ гиристанҳо,
Ба оҳанги навозишҳо,
Ва дар амвоҷи бахшишҳо,
Варо озод месозам,
Ту, эй уммед меоӣ!

Ту, эй имони ман,
Охир ҳама буду набудам,
Ҷону рӯҳам.
Каъбаи ман,
Тору пудам.
Қиблаи ман,
Бар суҷудам.
Қалби ман Қуръони ишқат буд!

Ва чун хатти шикаста дар дилам,
Дар байни дафтарҳо,
Ва дар боли малоикҳо,
Ва дар парвози кафтарҳо,
Ва дар девони хотирҳо,
Ба ранги зард не,
Ранги сиёҳи дард не,
Чун ҷонамози модарам,
Чун шеъри ман,
Чун барф,
Ту ҳам испед меоӣ!

Ва он гаҳ,
Чашмаҳои чашми ман,
Аз ҳаҷр не,
Аз шавқи дидори ту,
Пур аз об
Ва ғам нотоб,
Биёбони танам аз гармии дастони ту,
Шодоб хоҳад шуд.
Гиёҳи мурдаи розу ниёзам сабз мегардад.
Миёни лолазорон ранги хун,
Ранги садоқатро,
Муҳаббатро,
Ту мебинӣ.
Ва он гаҳ, эй Худои ман!
Пас аз сад соли гумномӣ,
Ту меоӣ!
18.02.2008, Москва.